Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Нозимов бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 3 сарфароз гардонда шуд

06.06.2009 11:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Нозимов бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 3 сарфароз гардонда шуд.

Ин мукофоти олии давлатиро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, овозхони машҳуру маҳбуб Зафар Нозимов тақдим намуда, ба ӯ барои хизматҳои шоистааш дар назди халқу Ватан арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Чунонки дар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ин ҳунарманди нотакрор «барои хизмати шоиста дар рушди фарҳанг, саҳми бузурги шахсӣ дар хазинаи санъати миллӣ ва маҳорати баланди сарояндагӣ» бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 3 қадрдонӣ карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520